Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян омадааст:
«Муҳтарам Никол Воваевич,
Ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон бо изҳори қаноатмандӣ ба Шумо табрикоти ин ҷонибро ирсол менамоям.
Мо аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳоямон тайи ин солҳо чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба қаноатмандем.
Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои созандаи мо ба нафъи мардумонамон боз ҳам таҳкими бештар хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, саломатӣ ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои назаррас, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу субот ва шукуфоӣ хоҳонам».
Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Табрикоти самимии маро ба муносибати санаи муҳим – 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Тайии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои байни кишварҳои мо дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумонамон рушд ёфтаанд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ, муваффақият ва беҳтарин хушиҳо, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».