Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар самтҳои пойтахт зимни боздид аз осорхонаҳо ва дигар мавзеъҳои фарҳангӣ бо саҳифаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон, хизматҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд.



