16 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва сиёсати маорифпарварона: аз Иҷлосияи тақдирсоз то давлатдории устувор» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони сохторҳои тобеи он иштирок намуданд.
Ҳамоиши илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Номбурда нахуст иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки ин санаи муҳимми таърихӣ дар баробари арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишонаи эҳтиром ба давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз мақоми махсус дошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи устувор гузошт. Ҳамзамон, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ омили муҳимми рушди соҳаи маорифу илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст арзёбӣ гардид.
Сипас, маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Нахуст, доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Маркази таълимии «Сарвар» Н. Содиқӣ дар мавзуи «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — фазои нави сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик», ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Н. Охунзода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ва давлатдории миллӣ» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳусейнов дар мавзуи «Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Пешвои миллат ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, масъалаҳои муҳимми сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва омилҳои рушди устувори кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти омӯзишу тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, он барои густариши корҳои илмию маърифатӣ ва тақвияти масъулияти кормандони соҳаи маориф дар тарбияи насли ояндасози кишвар мусоидат менамояд.
Дар фарҷом, ба таваҷҷуҳи ҳозирин видеоролики кӯтоҳ, ки фарогири лаҳзаҳои муҳимми фаъолияти созанда, хизматҳои таърихӣ ва корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва пешрафти Тоҷикистони маҳбуб буд, пешкаш гардид. Навори мазкур бозгӯкунандаи марҳилаҳои муҳими таърихи навини кишвар ва нақши арзишманди Пешвои миллат дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ буд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон



