Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо аз аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллӣ ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ёдоварӣ карда шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия яке аз самтҳои муҳими пешрафти кишвар ба шумор рафта, дар шароити муосир барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳаммияти хосса дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор иштирокчиён бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.



