
Дар Малайзия маросими муаррифии се филми сохташуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Малайзия бахшида шудааст. Дар ин бора МД Тоҷикфилм» иттилоъ додааст.
Намоиши филмҳо бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия аз рӯзҳои 28 то 30-юми октябр дар толори синамои маркази тафреҳии «Mid Valley»-и шаҳри Куала Лумпур доир мегардад.
Се филме, ки дар доираи ин барномаи фарҳангӣ ба таври ройгон намоиш дода мешаванд, “Муаллим”-и Носир Саидов, “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов ва “Рустам ва Сӯҳроб”-и Борис Кимёгаров мебошанд. Ин филмҳо имкони ошно шудан бо паҳлӯҳои мухталифи иҷтимоиро фароҳам мекунанд ва ҳам хориҷиҳо бо ин роҳ бо фарҳангу таърихи Тоҷикистон шинос мешаванд. Филмҳо бо зернависи англисӣ ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.