

Имрӯз, 24.04.2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Намунаи адабиёти тоҷик — падидаи таърихӣ — фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар симпозиум олимону пажӯҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Амрико, Фаронса ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Муҳаққиқони хориҷӣ аз саҳми босазои устод Садриддин Айнӣ дар густариши таъриху фарҳанги тоҷикон ва исбот намудани мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷик давоми ҳазорсолаҳо дар ин минтақа таъкид карданд ва устода Айниро яке аз чеҳраҳои барҷастаи халқи тоҷик дар соҳаи адабиёт дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» дақиқан 100 сол пеш, дар соли 1926 аз ҷониби устод Айнӣ таълиф гардид ва дар он давраи пуртазод, ҳамчун шиносномаи миллати тоҷик ва дар исботи мардуми бумӣ будани миллати тоҷик хизмат намуд.
Абдурофеъ Шарифиён, «Овози тоҷик»



