Маҳмадсаид Зубайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бар асари беморӣ аз дунё даргузаштааст. Дар ин бора Лашкар Шарифзода, рӯзноманигор иттилоъ додааст.
Маҳмадсаид Зубайдзода 2 марти соли 1969 дар ноҳияи Данғара Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 1987 то соли 1989 дар сафи Артиши шӯравӣ адои хизмат намудааст. Соли 1989 ба техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1991 бо ихтисоси техники бинокор хатм намудааст. Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 дар Раёсати сохтмонии «Монолит-2»-и ҶСК «Монолитстрой» дар вазифаҳои усто, муҳандис оид ба таъминот, саркор, сармуҳандис ва сардори ҳамин корхона давом додааст. Моҳи сентябри соли 2006 ба вазифаи Директори ҶСК «Монолитстрой», (аз моҳи январи соли 2007 номи ҶСК «Монолитстрой» ба ҶСК «Сомон-Тоҷиксохтмон» иваз карда шуд) таъин шуда, то моҳи январи соли 2009 кор кардааст.Аз 16 январи соли 2009 ба вазифаи Директори генералии ҶСК «Тоҷиксемент» таъин шуда, то соли 2013 фаъолият намудааст.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 Директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2017 фаъолият намудааст. Аз 12 январи соли 2017 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст. Аз 18 ноябри соли 2020 бо қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то лаҳзаи марг дар ин мақом кор кардааст.
Марҳум бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.