
Санаи 1-уми октябр дар кинотеатри «Ватан» бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯҳансолон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабании идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони МИҲД — и шаҳри Душанбе, намояндагон аз Вазорати тандурустӣ, чеҳраҳои фарҳангии кишвар, кӯҳансолон ва шахсони имконияташон маҳдуд баргузор шуд.
Зимни суханрониҳо қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҷомеаи ободу озоди Тоҷикистони азиз, пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша қадр гардида, махсусан зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шароити хубу шоиста таъмин намудани онҳо нақшаҳои зиёд амалӣ мегардад. Ин буд, ки сол аз сол нафақаи пиронсолон ва маъюбон боло бардошта шуда, мо бовар дорем, ки оҳиста-оҳиста бо тарақии кишвари азизамон ва роҳнамоии Пешвои хирадманду роспешаамон қишри ниёзманди ҷомева ба зиндагии шоиставу саодатмандона хоҳанд расид.
Дар фарҷоми ин чорабинӣ чанде аз фаъолон ва шахсони арзандаву инсонҳои ташаббускор бо сипоснома ва дигар мукофотҳои Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.