Рӯзҳои 18 -19 октябр як гурӯҳ фаъолону роҳбарони вилояти Суғд бо сарварии раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар ба шаҳри Самарқанд сафар карданд. Дар ин бора рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ додааст.
Меҳмононро дар гузаргоҳи Ҷартеппаи вилояти Самарқанд ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров, раиси Маркази фарҳанги миллии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон дар чорабиниҳои ба рӯзи шаҳри Самарқанд бахшидашуда иштирок карда, аз гузоштани гулчамбар дар пояи пайкараи Амир Темур сар карданд. Сипас, дар ифтитоҳи меҳмонхонаи «Зарафшон» ширкат намуда, аз боғи истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ, ки дар он ҷо ҳар хел намоишҳои миллию барномаҳои консертӣ ташкил карда шуда буд, дидан карданд.
Меҳмонон дар рӯзи дуюм ташрифро аз зиёрати қабри Аввалин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки дар шафати масҷиди Хоҷаи Хизр ҷойгир аст, сар карданд. Пас аз он ба корхонаи истеҳсолии «Теспак», ки дар массиви Қаросув ҷойгир аст, ташриф оварда бо рафти кори корхона ва шароити коргарон шинос шуданд. Корхона асосан дар ду баст кор карда, дар он қариб 150 нафар хизмат мекунанд. Вай бо технологияҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, оби минералии «Боғибаланд» ва «Теско» -ро истеҳсол мекунад. Корхонаи мазкурро роҳбари чашмикордон, соҳибкори бомаънавият Азиз Мунисов ба ӯҳда дорад.
«Ҳар қадаре, ки соҳибкорӣ дар мамлакат ривоҷ ёбад, дар он ҷо албатта пешравӣ мешавад» ,- гуфт раиси шаҳри Панҷакент.
Аз рӯи нақша онҳо бо гурӯҳи намояндагон ба ноҳияи Ургут ба якчанд корхонаҳои ҳудуди озоди иқтисодӣ, ки дар атрофи шаҳри Ургут ҷой дорад, ташриф намуда бо ҷараёни кору фаъолияти тадбиркорон низ шинос шуданд. Бо ҳамин сафари дурӯзаи меҳмонон ба охир расид.