«Ман ду маротиба номзади худро гузоштам ва ду маротиба ғолиб шудам», — гуфт Трамп.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Комиссияи махсуси Кумитаи интихобии Конгреси ИМА, ки ошӯбҳои рӯзи 6 январи соли 2021 дар минтақаи Капитолияро таҳқиқ мекунад, президенти пешини ин кишвар Доналд Трампро барои нишондод додан даъват кардааст. Дар ин бора хабаргузории «Би-би-си» ба нацл аз як узви ин комиссия навиштааст.
«Шумо дар маркази кӯшиши тағйир додани натоиҷи интихоботе будед, ки аз ҷониби президенти феълии Иёлоти Муттаҳид бурида шуд»,- гуфта шудааст дар матни даъватнома. «Шумо медонистед, ки ин амалҳо ғайриқонунӣ ва болотар аз ин ғайриконститутсионӣанд, вале онро рощбарь кардед»,-омадааст дар идома.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, агар Трамп ба ин даъват ҷавоб надиҳад, метавонад ба таъқиби низомӣ ва кушодани парвандаи ҷиноӣ дар нисбаташ дучор шавад. Комиссия ба ӯ то 4 ноябр муҳлат додааст, ки тамоми асноди заруриро барояшон супорад ва рӯзи 14 ноябр дар ҳузури онҳо доир ба ин ошӯб нишондод диҳад.