
Дирӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир аз коргоҳи “БЕЛАЗ” –и Ҷумҳурии Беларус дидан карданд.
Дар ин сафар ӯро вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Александр Рогожник ҳамроҳӣ кард. Дар рафти сафар директори генералии ширкати “БЕЛАЗ” Сергей Никифорович меҳмонони тоҷикро бо фаъолияти корхона шинос карда, дар бораи сохтор ва иқтидори истеҳсолии он иттилоъ дод.
Сипас Шералӣ Кабир дар майдони озмоишии коргоҳ мошини барқии самосвали “БЕЛАЗ-7558Е”-ро озмуда, ба он баҳои баланд дод. Мавсуф сатҳи пешрафти технологияҳои муосири дар корхона истифодашавандаро бузург гуфта, қайд кард, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи корхонаҳои Беларус бо ширкати “БЕЛАЗ” баргузор шуд.
Дар назар аст, ки миёни ширкати мазкур ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи шарикӣ ба имзо расад.
Сафари Шералӣ Кабир дар Ҷумҳурии Беларус идома ёфта, мавсуф бояд дар ҷараёни он бо фаъолияти дигар коргоҳҳои саноатии ин кишвар шинос шавад.