Дар соли 2022 истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13% зиёд аст. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон дар соли 2022 дарёфти 2,7 миллион тонна ангишт пешбинӣ шуда буд.
Содироти он асосан ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, то охири моҳи август нахустин бор аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна ангишт содир шудааст. Ҳамин тариқ, қариб 200 ҳазор тонна ба Афғонистон, 110 ҳазор тонна ба Покистон ва тақрибан 1 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон содир шудааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишвар 14 корхонаи истихроҷи ангишт мавҷуд аст, ки бузургтарини онҳо корхонаҳои Фон-Яғноб, Корхонаи металлургии Тоҷикистон, Зиддӣ, Талко Ресурс, Қудрат мебошанд.
Бояд гуфт, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт бо ангишт дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, ба роҳбарони корхонаҳои зертобеи худ ва соҳибкорони ватанӣ дастурҳои мушаххас дода истодааст. Дар натиҷа бо кӯшишу заҳмати роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт нисбат ба солҳои гузашта зиёд таъмин гардид.