
Вазири тандурустӣ, табобат ва маълумоти тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз омодагии кишвараш барои тавсеаи ҳамкориҳои муштарак бо Тоҷикистон дар самти тандурустӣ гуфт.
Ба гузориши “Исно” Баҳром Айнуллоҳӣ зимни дидор бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайъати ҳамроҳи ӯ зикр кардааст, ки Эрон ва Тоҷикистон кишварҳои ҳамзабон ва дӯсту бародар ҳастанд.
Мавсуф таъкид кардааст, ки ҳамзабонии ду кишвар барои вусъати хамкории ҷонибҳо бояд дар амал низ собит карда шавад. Вай афзудааст, ки «соҳаи тандурустӣ бисёр густурда аст ва умедворем, ки ин ҳамкориҳо миёни Эрону Тоҷикистон дар ҳама бахшҳои тандурустӣ таҳким меёбанд».
Баҳром Айнуллоҳӣ забони Эрон ва Тоҷикистонро як бахши муштарак дар самти ташаккул ва таҳкими равобит миёни ду кишвар хонда, баён доштааст, ки сайёҳии шифобахшӣ, табодули устодону донишҷӯёни муассисаҳои тиббӣ, пажӯҳишҳои илмии тиббӣ ва табодули таҷҳизоти тиббӣ аз ҷумлаи самтҳоеанд, ки метавонанд ба густариши муносибатҳо ва рушди ҳамкории ду кишвар мусоидат кунанд.
Баҳром Айнуллоҳӣ таъкид кардааст, ки дар мамлакати мо 800 маркази илмӣ мавҷуд аст, ки барои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии мамлакатҳои дигар тайёранд. Ба таъкиди Айнуллоҳӣ, кишварҳо ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак барои тақвияти ҳамкорӣ ва баррасии масоили соҳа ниёз доранд. «Соҳаи тандурустӣ сарҳадро намешиносад ва мо умедворем, ки ҳамкориҳо дар самти тандурустӣ бо кишварҳои минтақа ба қадри имкон мусоидат хоҳанд кард. то ҳадди имкон бемориҳои дар ин кишварҳо мавҷудбуда бартараф ё ҳадди ақал ғайрифаъол карда шаванд.
Баҳром Айнуллоҳӣ дар идомаи мулоқот Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муваффақ дар самти назорат ва мубориза бо бемории сироятии КОВИД-19 хонд.
Дар ин дидор, инчунин, Созишномаи ҳамкорӣ дар смти тандурустӣ миёни ду кишвар бо иштироки вазири тандурустӣ, табобат ва маълумоти тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба имзо расид.