
Тавре ки иттилоъ додем, дар шаҳри Марғелон Фестивали панҷуми байналмилалии «Аtlas Bayrami» («Фестивали атлас») доир гардид, ки дар он намояндагони 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
«Фестивали атлас» бо ташаббуси Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Хазинаи нуфуси СММ, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд», Ҳокимияти вилояти Фарғона ва шаҳри Марғелон гузаронида шуда, мақсад аз он ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соҳаи нассоҷии анъанавӣ ва рушди соҳаи ҳунарҳои дастӣ мебошад.
Ҳамзамон дар ҳошияи «Фестивали атлас» вохӯрии B2B миёни ҳунармандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи атласу адрас ва пилла баргузор гардид, ки ба рушди ҳамкории минбаъдаи ҳунармандони ду кишвари ҳамҷавор мусоидат менамояд.