Озмуни ҷумуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар кишвар ҷамъбаст шуд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оғоз гардид. Дар он се нафар гирандагони Шоҳҷоизаи озмун, ки маблағаш 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, эълон гардиданд. Инчунин ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз шуданд. Ҷойи якумро иштирокчӣ аз ноҳияи Рушон аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ байни довталабони аз 11 то 17 сола Мазабшоев Нуриддин , ҷойи дуввумро омӯзгор Юсупов Ғолиб ва ҷойи севвумро иштирокчӣ аз шаҳри Хуҷанд гирифтанд.
Аз руи номинаи навозандагӣ байни довталабони аз 18 то 40 сола ҷойи якумро Райҳона Муқимова аз шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро Файзализода Марҳабо иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро Давлатова Шаҳноза иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе сазовор шуданд.
Аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ байни довталабтни аз 18 то 40 сола ҷойи якумро иштирокчӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҳамроева Тахмина, ҷойи дуюмро иштирокчӣ аз шаҳри Бохтар Зоҳиров Шаҳром ва мақоми сеюмро иштирокчӣ аз шаҳри Панҷакент гирифтанд.
Дар чорабинӣ Матлубахон Сатторӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия озмуни мазкур ифтитоҳ намуда, ғолибон ва гирандагони ҷоизаҳои озмунро таҳният намуд.
Номбурда дар идомаи суханрониаш иброз намуд, ки бо эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” мо истеъдодҳои нав ба навро кашф намудем. Тӯли чор соли баргузории озмуни мазкур ҷавонону наврасони соҳибистеъдод рӯи саҳна қадам гузоштанд. Аз ҳисоби онҳо сафи ҳунармандони кишвари мо дар ҳоли афзоиш аст. Ин бар он замина мегузорад, ки суннатҳои фарҳанг ва мусиқии миллии мо бунёд гардида, мутобиқ ба шароити замони муосир рушд ёбад.
Зикр шуд, ки дар озмун 3374 нафар довталаб иштирок намуда, 1323 нафари онҳо ба даври дуввум ва 316 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Ин теъдодро 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) ташкил доданд.
Чорабинӣ идома дошта, интизор меравад ки бо барномаи ҳунарӣ ҷамъбаст гардад.