
Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар Ню Йорк бо Муовини Дабири Кулл оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Дабири кулли Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 Ли Ҷунхуа мулоқот намуд, ки дар он ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2023 баррасӣ намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал хабар дод.
Ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронс саъю кӯшиши зарурӣ ҷиҳати табдил додани Конфронси обии СММ дар соли 2023 барои тамоми ҷаҳон изҳор доштанд.
Султон Раҳимзода дар бораи рафти баррасии лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ баргузор гардид, маълумот дод.
Ли Ҷунхуа аз ин ташаббус пуштибонӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои саҳми фаъолаш дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.