Аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон баргузор мегардад. Дар он варзишгарони 30 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 нафар намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс 8 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57кг ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60кг ҳастанд.
Миёни мардҳо Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 86кг ва Муҳаммад Аброриддинов ширкат меварзанд.
Мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев варзишгаронро дар мусобиқаи Урдун ҳамроҳӣ мекунанд.
Муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал 1-7 ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.