Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ дар байни 42 давлати ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуд. Варзишгарони мо дар ин мусобиқа 7 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷиро ба даст оварданд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон хабар медиҳад, дирӯз 22 август дар маркази маъмурии вилояти Хатлон яке аз парчамбардорони кишвар, хонандаи синфи 6-уми литсейи технологии шаҳри Бохтар Суннатулло Наврӯзов, ки дар ин мусобиқа медали тиллоро ба даст овард, қадрдонӣ карда шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбон Қурбонзода, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, мураббиён, варзишгарон ва ҷавонон ширкат варзиданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба волидайни Суннатулло Наврӯзов сипоснома ва ба варзишгар мукофоти пулӣ тақдим намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар шаҳри Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор шуда, варзишгарони мо дар он маҳорати хуби варзиширо нишон доданд.
Дар ин Чемпионати сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳисоби медалҳо Украина бо 32 медал (8 тилло, 14 нуқра, 10 биринҷӣ) ҷойи якум, ИМА бо 27 медал (8 тилло, 6 нуқра, 13 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 21 медал (7 тилло, 5 нуқра, 9 биринҷӣ) мақоми сеюмро ишғол намуданд. Дар даҳгона, ҳамчунин, Узбекистон (13), Ирландия (10), Англия (7), Финландия (3), Қазоқистон (8), Амрикои Ҷанубӣ (4), АМА (3) ҷой гирифтанд.