Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, голҳоро Асадбек Ҷӯрабекзод, Салом Ашӯрмамадов ва Сунатулло Азизов ба ҳадаф расонданд.
Дар дидори дигари рӯзи бозӣ тими Эрон ба дарвозаи тими Афғонистон 4 голи беҷавоб зад.
Пас аз анҷоми се даври мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони CAFA-2022 мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф гардид. Баъдан дастаҳои Эрон ва Қирғизистон, ки 4-имтиёзӣ доранд, қарор гирифтанд.
Бозиҳои даври баъд 10 август баргузор мешаванд. Соати 18:00 бозии футболбозони Эрону Қирғизистон оғоз шуда, соати 21:00 тимҳои ҷавонони Узбакистону Тоҷикистон вориди майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе мешаванд.