Имрӯз, 31 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода бо Муҳаммад Меҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва як ҳайати фарҳангии ин кишвар сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз равобити фарҳангии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ба таърих ва густариши бештари минбаъдаи он ишора намуданд.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон иброз дошт, ки мо ҳамеша омодаи рушди равобит бо Эрон ҳастем ва умедворем ин ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ густариш ёбанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти бойгонӣ, санъат, мусиқӣ ва табъу нашр ибрози омодагӣ намуд.
Дар навбати худ вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Меҳдии Исмоилӣ изҳор дошт, ки фазои фарҳангӣ метавонад боиси рушди ҳамкориҳо дар дигар бахшҳо гардад. Мо омодаи бозкушоии дафтари фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем.
Номбурда инчунин омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи синамо иброз намуд.
Мулоқоти ҷонибҳо дар фазои дғстӣ ва тафоҳум анҷом шуд.
Маврид ба зикр аст, ки рузҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии Опера ва балети Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом мешавад.
Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо иҷрои барномаҳои гуногун аз ҷониби ҳунармандони барҷастаи эронӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.
Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе боздид менамоянд.
Малвина Хушқадамова
Дилнозаи Абдумалик