Имрӯз ҳайати рӯзноманигорони Иттифоқи журналистони Узбекистон бо роҳбарии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров ба шаҳри Панҷакент омаданд. Дар ин бора Бобо Солеҳзода, рӯзноманигори маҳаллӣ иттилоъ додааст.
Меҳмононро муовини раиси шаҳр Парҷина Нақибӣ ва ҳайати рӯзноманигорони шаҳр бо нону асал истиқбол гирифтанд.
Сипас, онҳо мақбараи Ассогузори адабиёти классики форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакиро зиёрат намуда, бо осорхонаи ин мақбара шинос шуданд.
Сайри онҳо дар шаҳр идома дорад.
Аз идора: Хабар такмил меёбад.