Дар кинотеатри «Ватан» бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик бо иштироки доираи васеи синамогарону киношиносон ва ҳаводорони синамои миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Як қатор собиқадорон, ҳунармандон ва синамогарон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва Аълочии кинематография қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.
Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тӯли қариб як аср мешавад, ки кино ба ҳаёти мардуми тоҷик ворид гардида, он имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти одамон мубаддал гаштааст. Инҷост, ки мо имрӯз ҳаёти маънавии худро бе кино тасаввур карда наметавонем.
Номбурда иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», барномаҳои рушди кинои тоҷик барои солҳои 2006-2010, 2011-2015 ва 2018- 2022 қабул гардиданд ва дар заминаи онҳо кинои тоҷик ба марҳилаи нав ворид гардид. Дар ин давра техника ва технологияи нави филмофарӣ ворид шуда, насли нави кинематографияи тоҷик ба воя расид. Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат буд, ки соли 2015 Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи тоҷик таъсис ёфта, ҳамасола фаъолияти муназзам дорад.
Дар рафти чорабинии идона як қатор собиқадорон, ҳунармандон ва синамогарон бо мукофотҳои таъсисдодаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»: бо Ифтихорнома, Сипоснома ва Аълочии кинематография қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинӣ бо муаррифӣ ва нахустнамоиши филми «Додараки фариштаҳо» анҷом ёфт.