Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бо намояндагони Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқот намуд, ки дар он асосан ҷонибҳо тавсеаи фаросамтиро баррасӣ намуданд. Суҳбати тарафҳо дар шакли маҷозӣ сурат гирифт.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Донишгоҳи давлатии молия ва қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат оғози ҳамкориҳои густурда бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳокима шуда, ҷонибҳо ба муҷофиқа расиданд, ки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, тақвияти таҷрибаи мубодилаи академӣ ва донишҷӯён, ҷалби довталабон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос ҷиҳати таҳсил дар гурӯҳҳои забони таҳсилашон англисӣ ва русӣ баргузор намоянд.
Ҳамчунин, тарафҳо оид ба сафарҳои ҷавобии тарафайн ибрози андеша намуданд.
Дар баробари ин ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва ҷалби олимону коршиносон барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Қобили қайд аст, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо зиёда аз 120 муассисаҳои илмӣ ва илмию тадқиқотии хориҷи кишвар ҳамкории судманд дошта, дар донишгоҳ таҳсил бо се забон ба роҳ монда шудааст. Раёсати донишгоҳ ният дорад, ки тавассути густариши ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ таҷрибаи таҳсилоти маҷозӣ ва дудипломаро ба роҳ монда, барои байналмилаликунонии таҳсилот чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.