Масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ, маблағгузории Барномаи ғизои мактабӣ ва дурнамои ҳамкориҳо зимни мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонии (БОҶ) Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Ҷон Айлиеф баррасӣ шуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тавассути Барномаи ғизои мактабӣ ба зиёда аз 430000 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ (1-4) ҳамарӯза хӯроки гарм медиҳад, ки тақрибан 2000 мактабро дар саросари ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Аз моҳи январ то моҳи июни соли 2022 тақрибан 3800 тонна орди гандуми ғанигардонидашуда ва равғани растанӣ барои бенефитсиарҳо тақсим карда шуд. Ин дастгирӣ аз ҳисоби саҳмҳои волидону муаллимон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки ба таври дастаҷамъӣ дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, музди меҳнати ошпазҳо ва дигар хароҷоти марбут ба таъмини хӯрок дар мактаб барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ саҳми худро гузоштанд.
“Бо қаноатмандӣ изҳор менамоем, ки БОҶ ба 630 нафар хонандаи мактабҳои ибтидоӣ ва аъзоёни оилаи онҳо бо 8600 тонна маводи озуқаворӣ кумак намудааст. Ҳамзамон, хурсандиовар он аст, ки то имрӯз 126 лоиҳаи грантии хурд аз ҷониби БОҶ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ карда шудааст, ки маблағи он 616 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад”,-қайд кард муовини якуми вазири маориф ва илм.
Ҷ. Айлиеф-директори минтақавии БОҶ-и СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зимни суҳбат зикр кард, ки ду даҳсола аст мо дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондаем. Имрӯз хушҳол аз он ҳастем, ки дар вазорат Маркази ғизои мактабӣ ва Шурои байнивазоратӣ оид ба ғизои мактабӣ ташкил шудааст ва кушиш мекунем, ки дар амалишавии Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузорем. БОҶ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба ташкили Барномаи ғизои мактабӣ фаъолият дорад ва мо талош дорем, ки он дастовард ва натиҷаҳои бадастовардаамон дар Тоҷикистон, аз ҷумла милликунонии ғизои мактабиро дар он кишварҳо роҳандозӣ намоем.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ назаррас буда, фаъолияти он дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз гардидааст. Мақсади барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани хӯрока дар сатҳи миллӣ мебошад. Барномаи мазкур аз соли 1999 инҷониб татбиқи Барномаи ғизои мактабиро дастгирӣ менамояд.
Барномаи ғизои мактабии БОҶ ҳамчун кӯмаки иловагӣ дар баробари системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ баромад менамояд. Ҳадафи Барнома мусоидат намудан ба таъмини таҳсилот, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар як кӯдак мебошад.