Рӯзҳои 16-19-уми сентябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити дигаргунсозии маориф бо иштироки президентҳо, раисони ҳукуматҳо, вазирони маориф ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СММ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода иштирок ва суханронӣ намуд.
16 сентябр дар қароргоҳи Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо Роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат Исмоил доир гардид, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба Саммити дигаргунсозии маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, муовини якуми вазир дар чорабиниҳо ва муколамоҳои панелӣ, ки таҳти унвони “Рӯзи сафарбаршавӣ” бо иштироки Дабири кулли СММ Антони Гутерреш ва дигар шахсони баландмақом баргузор гардид, иштирок намуд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр дар чорабиниҳои “Рӯзи ҳалли масъалаҳо”, ки дар сегментҳои гуногун баргузор гардаданд, ширкат варзид ва дар сегменти “Дигаргунсозии маориф барвақт оғоз меёбад”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Габон, Ҷумҳурии Халқи Демократии Лаос, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО баргузор карда шуда, иштирок ва суханронӣ намуд. Инчунин, дар ҳошияи сегменти мазкур мизи мудаввари вазирон баргузор гардад, ки вазирони маориф ва шахсони баландмақом аз кишварҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур мулоқоти Ҷамшед Ҷӯразода бо вазири таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агрипина Василевна Шин баргузор гардид.
19 сентябр дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Рӯзи роҳбарон” Саммити сатҳи баланд дар хусуси дигаргунсозии маориф баргузор гардад, ки чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Дабири кулли СММ Антони Гутериш оғоз гардид. Дар рафти чорабинӣ изҳорот дар хусуси уҳдадориии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ ҷиҳати дигаргунсозии маориф ироа карда шуд.