Дар хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мактаби ба номи Махтумқулӣ барои 540 хонанда бунёд мешавад. Дар робита ба ин, бо фармоиши Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Вазорати сохтмон ва меъмории ин кишвар барои тарҳрезӣ ва сохтмони ин мактаби миёна озмуни байналмилалӣ эълон гардидааст. Дар ин бора рӯзномаи «Туркменистан» хабар додааст.
«Дархостҳо ва пешниҳодҳои ҷонибҳои манфиатдор бо тартиби муқарраршуда қабул мегарданд ва дар Раёсати маркетинг ва робитаҳои иқтисодии берунии Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон дар суроғаи зерин ба қайд гирифта мешаванд: шаҳри Ашқобод, хиёбони Арчабил, 84. Дархостҳо аз рӯзи дар рӯзнома чоп шудани эълон то 21 октябр қабул мегарданд», — омадааст дар иттлиоия.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмааи биноҳо) мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии ба номи Эргаш Султанови ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло ноҳияи Дӯстӣ)-и вилояти Хатлон 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба имзо расида буд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тибқи иттилои дастрас, дар Тоҷикистон, асосан дар навоҳии Дӯстиву Балхӣ ва ҳамчунин Қубодиёну Шаҳритӯси вилояти Хатлон ҳудуди 25 ҳазор туркман ба сар мебаранд. Дар мамлакат ҳафт мактаб бо забони туркманӣ фаъолият доранд. Аз соли 1994 дар кишвар Ҷамъияти фарҳангии туркманҳо амал мекунад.