Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар брифинги муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон ва Консорсиуми иқлими Олмон (DKK) бахшида ба Конференсияи дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27, 6-18 ноябри 2022, Шарм-уш-Шайх) иштирок намуд.
Тавре ки радиои «Овози тҷоик» дар аткя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар брифинг намояндагони коруси дипломатии муқими Берлин, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, доираҳои иқтисодӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони аршад ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд.
Котиби давлатӣ ва Ваколатдори вижа оид ба сиёсати байналмилалии иқлими Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Ҷеннифер Морган, Котиби давлатии Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим Штефан Вентсел, Котиби давлатии Вазорати федеролии муҳити зист, ҳифзи табиат, амнияти ҳастаӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагон Кристиане Роледер ва Муовини мудири кулл оид ба сиёсати бисёрҷониба ва аврупоии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Юрген Тсаттлер дар бораи ҳадафҳои COP-27, тағйирёбии иқлим ва иштироки ҳайати Олмон таҳти шиори “Талоши бештар дар ҳамбастагӣ: Шиори мо барои СОР-27 дар Миср” суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, Сафири Ҷумҳурии Арабии Миср дар Олмон Халед Галал Абделҳамид ҳамчун намояндаи кишвари мизбони СОР 27 баромад намуд.
Сипас миёни иштироккунандагон ва маърӯзачиён вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳои азими сайёра, гузариш ба манбаъҳои энергияи таҷдидпазир, коҳиш додани партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва роҳандозии ҳамкориҳои муштарак байни кишварҳо ҷиҳати пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим мубодилаи афкор сурат гирифт.