Дар арафаи таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид. Дар кори намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ичунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, коршиносони мустақил ва шарикони рушд ширкат намуданд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахминаи Амониён чорабиниро Музаффар Ашуриён, вазири адлия ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории форумро муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, иброз намуд.
Инчунин мақсади он — ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.
Ба зикри номбурда, Форуми мазкур ягона пойгоҳест, ки ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Тоҷикистон муттаҳид месозад.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти низоми судӣ, амалигардонии қонқни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” рушди низоми адлияи ноболиғон дар Тоҷикистон ва низоми ёрии ҳуқуқи ройгон дар кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.