
Дар шаҳри Остона мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Федератсияи Россия Владимир Путин, Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба манобеи маҳаллӣ иттилоъ додаанд.
Дар ин дидор масъалаҳои мубрами вазъи қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои ибтикори баргузории ин нишасти муштарак ва омодагиашон барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори сипос кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳ карданд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон мавқеъи бетағйир дар мавриди зарурати танҳо бо василаи сулҳомез ва шеваҳои сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсбарангезро риоя карда, аз паёмадҳои таҷовузи мусаллаҳонаи ҷониби Қирғизистон ёдовар шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, қайд карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба манфиати мутақобилан судманд ва зудтар анҷом додани аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон Қирғизистон аст, ки кафили субот ва ҳамсоягии нек аст.