
Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Белорус имрӯз бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад.
Сафари расмии Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 11-12 октябр давом меёбанд. Дар ҷараёни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекунад. Ин гуфтугуҳо дар шакл – дуҷониба ва бисёрҷониба бо ширкати аъзои ҳайат сурат мегирад. Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳоро, пеш аз ҳама, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои ҷорӣ ва лоиҳаҳои муштарак дар оянда баррасӣ хоҳанд кард. Дар пайи музокирот ба имзо расидани як бастаи санадҳои байналмилалӣ дар назар аст. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба саҳифаи шабакаи «Пул Первого» дар Telegram иттилоъ медиҳад.
Дар рӯзи дуввуми сафар Александр Лукашенко дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чанд мулоқот анҷом медиҳад. Ҳамзамон, дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус дар Душанбе ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Беларус баргузор шуда, намоишгоҳи истеҳсолкунандагони белорусӣ таҳти унвони “Made in Belarus” ташкил мешавад. Ҳамзамон, дар назар аст, ки Александр Лукашенко ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф орад, ки он ҷо факултети муштараки тоҷикӣ-белорусӣ фаъолият мекунад.
АКС аз манобеи бози интернет