Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва шоирони эронӣ бо адибони ширинкаломи тоҷик Озарахш, Фарзона, Додохон Эгамзод ва дигарон мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ, аз шеъру сухани тоҷикию форсӣ ибрози назар намуда, дар васфи дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ шеърхониҳо карданд.
Ҳамзамон, барномаи ҳунарии рӯзҳо бо маҳфили “Шоҳномахонӣ”, гурӯҳҳои мусиқӣ ва варзишгарони зурхонаӣ пешкаши тамошобинони шаҳри Хуҷанд гардид.