9 ноябри соли равон таҳти роҳбарии устоди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ ва фаронсавӣ) Фирӯза Раҷабова семинари навбатии омӯзишӣ доир гардид. Дар он масоили истифодаи расмҳо дар дарси забони олмонӣ матраҳ шуд. Дар ин бора ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур рушди касбияти омӯзгорон ва интиқоли донишу малакаи онҳо ба дигар устодон мебошад.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Дафтари ҳамкории Сувис ва Донишкадаи Гётеи шаҳри Тошканд ҳамасола дар Душанбе анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад. Ҳадафи он ошноии омӯзгорони забони олмонӣ бо усулҳои муосир ва самараноки тадриси забони олмонӣ мебошад. Соли ҷорӣ ин чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат намуданд.