12 октябр Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс ва ректорони муассисаҳои олии касбии ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ташриф оварданд. Дар ин бора Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар додааст.
Меҳмононро муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ва Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода истиқбол намуданд.
Ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо имконияти мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос шуданд.
Зикр шуд, ки иқтидори илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ васеъ буда, дорои шароити хуби таҳсил ва омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни муҳандисӣ мебошад.
Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Иванетс Андрей Иванович ва ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳи истеҳсолии технологияи мошинсозӣ ва намоиши дастовардҳои факултети муштараки муҳандисӣ – технологии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дидан намуданд.
Баъд аз боздид вохӯрии Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, баргузории озмуну олимпиадаҳо, нашри мақолаҳои илмии ду ҷониб дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, баргузории симпозиуму конференсияҳо, такмили ихтисоси кормандон ва имконияти давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии тарафайн таъкид гардид.