Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар 10-уми ноябри соли равон бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалии онлайн таҳти унвони «Таҳсилоти педагогӣ дар заминаи равандҳои тағирёбанда: захираҳо ва механизмҳои таъмини рушди устувори ҷомеа» ташкил ва баргузор гардид. Дар кори он намояндагони 5 давлати дунё иштирок карданд. Дар ин бора ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав (Федератсияи Россия), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Арманистон ба номи Хачатур Абовян (Ҷумҳурии Арманистон), Донишгоҳи давлатии Қарағанда ба номи Е.А. Букетов (Ҷумҳурии Арманистон) ва Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова (Ҷумҳурии Молдова) суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни конфронс муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Худойдодзода Ф.Б. ба ҳайси узви тадорукот иштирок ва муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба корҳои илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. дар мавзӯи “Омодасозии кадрҳои педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир дар мисоли муассисаҳои олии касбӣ” маъруза ироа карданд.
Зимни баргузории ҳамоиш тамоюлҳои муосири рушди таҳсилоти омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳадафҳо, вазифаҳо ва сохтори таҳсилоти олии соҳаи омӯзгорӣ матраҳ шуданд. Дар ин баробар тавассути он масоили рушди омодасозии муаллимон, ҷанбаҳои педагогии идоракунии сифати таълими омӯзгорон дар донишгоҳ, инчунин шароити навсозии таъминоти моддию техникӣ ва молиявии он муайян гардиданд.
Дар ҷамъбасти конфронс маҷмӯаи мақолаҳои илмии дар ин конфронс ироашуда дар Пойгоҳи миллии библиографии Русия оид ба истинодҳои илмии РИНЦ ҷойгир карда мешаванд.