Мо ҳайати маҳфили экожурналистон ин навбат тибқи барнома озими мамнуъгоҳи “Дашти Ҷум”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шудем. Мувофиқи хати сайр ҷамъшавӣ назди бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зист сурат гирифт. Баъди ҷобаҷошавӣ дар нақлиётҳо роҳ пеш гирифтем ҷониби хонаи тиёншониву пармашох. Дар роҳ моро тасодуфҳои ҷолибе ҳамроҳ буд. Ба хотири огоҳӣ моро то охир ҳамроҳӣ кунед.
Нархҳои осмонии “Роҳгузар”
Баъди пушти сар мондани ағбаҳои масири Норак нахустин истгоҳи мо бозорча ё маркази савдои “Роҳгузар” буд, ки бо дангичаву пистаҳои худ маъруф аст. Нақлиётҳо ин ҷо ист карданд, то онҳое, ки бори нахуст дар ин минтақа буданд, барои худ чизе ба хотири тӯшаи роҳ гиранд, вале нархҳои осмонӣ на ба меҳмонону на ба мизбонон ин имконро надод. Ин буд, ки мо дар дил ҳазор оҳ гирифтем ба ҷойи тӯша дар борхалта.
Харбузаи холиву чолоби хунук
Дар идома ин Данғара буд, ки ҳайати моро шефта кард, зеро воқеан чанд соли охир ин диёр чунон таровати дигар гирифта, ки онҳое ҳам чанд сол қабл ин ҷо буданд, бо чашми харидорӣ ба ҳар ҷониб менигаристанд. Ба хотири сайри бештар дар мавзеи маъруф ба номи “развилка”, ки ноҳияҳои Ҳамадониву Фархору Восеъро аз Данғара ҷудо мекунад, пиёда шудем. Ин ҷо низ чанд нуктаи савдо фаъолият мекард. Дили ҳайат тарбузи фархорӣ хосту сардори гуруҳ Назаралӣ Пирназаров рафт назди фурӯшандаҳо ба хотири савдо. Мо бо истифода аз фурсат ин ҷо чанд пиёлагӣ чолоби хунук нӯшидем аз назди мӯйсафеде, ки воқеан хушмазза буд.
Одатан, дохили зарфу коса холӣ мешавад, аммо лутфомез аз писанрбачаи харбузафурӯше пурсидам, ки “ягон харбузаи холӣ надорӣ?”, чун ҳамроҳонам аз мӯйсафед қуттии холӣ мепурсиданд. Бача аввал ҳайрон-ҳайрон ба харбузаҳояш нигарист ва чун сарфаҳми суоли ман рафт, якбора инони хандаро сар дод. Беғаш аст хадаи кӯдакӣ. Ӯ ҳам шӯх будааст, ки “нав тамом шуданд, ака” гуфта, посухамон доду ба хандаи аҳли гуруҳ табассум зам кард. Савдои Назаралӣ ҳам пухту ин дафъа ҳамроҳ бо тарбузҳо дигарборо вориди нақлиёт шудем.
Корду тарбузи гумшуда
Дар даромадагоҳи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шоҳин ба хотири аксгирӣ, ки оғози масири асосии мо буд, ҳаагӣ поён омадем дигарбора. Шаҳнози Комилзода нахуст коргардони ин маърака шуд ва моро тимсоли бачаҳакои синфи 1 ҷое рост монд, вале чун тарбузҳоро дид, касбашро иваз карду рафт ба суроғи корд. Хушбахтона, аз ронанда корд ёфту мо зери офтоб мунтазири ӯ, лек худаш назди сояи ғафси нақлиёт сар кард тарбузхӯриро. Аксҳои нимзеборо тез-тез бардошта, мо ҳам шарикашон шудем, ки алалкай чанд нафар буданд.
Вақти савор шудан ба нақлиёт кордро ба даст овардам, то мо ҳам дар нақлиёти худ тарбузхӯрӣ кунем. Аммо, фурсат ба овардани тарбузҳо нарасид. Бинобар ин, дар истгоҳи дигар ин нақшаро амалӣ карданӣ будам. Дар назди мағозае ҳамсафарон об хостанд ва нақлиёт истод. Ман фурсатро аз даст надодаму рафтаму аз нақлиёти дигар 1 тарбуз овардам, сипас, сар задам ба мағоза. Ҳине, ки баргаштаму ронанда ба ҳаракат оғоз кард ва аз корд нишоне набуд, то ният амалӣ шавад. Ҳабибулло аз радиои “Фарҳанг”, ки масъули муҳофизати корд буд, ҳушёриро аз даст додаву ягон василаи тарбузкушиамонро нобуд кард. Ба умеди ёфтани корди навбатӣ боз ҳам истгоҳи дигарро мунтазир шудем. Дар роҳ нақлиёт чанд бор алвонҷ хӯрду тарбузи бечора дигар интизор нашуда торс кафид, аммо акнун онро пора кардан мебоист. Ҳамин тавр, дар назди чашмаи “Чилламазор” поён шудем ва ҳама ғарқи ривоятшунавию ман кордкобӣ шудам.
Сад шукр, ки баъди андаке корд пайдо шуд. Филфавр рафтем дохили нақлиёт, аммо аллакай аз тарбуз нишоне набуд ба ғайри ду пӯстлох. Ҳамин тавр, “ба умеди тӯй зодрӯз ҳам сарфи назар шуд” ба гуфти бибиҳо.
Одоби шарқиёна
Аз ин сафари хотирмон барои ман ҷолибтарин нукта одоби саломи пирони деҳҳои сари масир буданд, ки баробари дидани нақлиёти мо аз ҷойҳои худ бархоста, даст пеши бар гирифта, салом мегуфтанд. Мо ҳам бахотири посух ба саломашон аз тирезаҳо сар баровардаву калла меҷунбонидем.
Дидор бо соҳиби “Гуфтаи мардак”
Оне, ки вориди ҷамоати Саричашма мешавад, ҳатман сар мезананд ба мағозаи хӯроквории “Гуфтаи мардак”, ки сари роҳ қарор дорад. Мағозаи мазкур ба хотири соҳибаш маъруф аст ва қиссаи ҷолиберо ҳам дар пай дорад, ки чунин аст: чанд сол қабл ин мавзеъро сел хароб мекунад ва кормандони ТВ “Кӯлоб” ба хотири рафъи мушкилу инъикоси вазъ мераванд ба мавзеи офатзада. Қаҳрамони мо чун вакили деҳ бо онҳо суҳбат мекунаду қабл аз гуфтани тамоми ибораҳо ҳатман “гуфтаи мардак” мегӯяд. Бо исрори батакрори журналист ҳам ӯ талош мекунад, то ин ибораро истифода накунад, вале “дили одаткарда – балои ҷон” дар ниҳоят ҳам ӯ боз “гуфтаи мардак” мегӯяду бо ҳамин машҳури интернет мешавад ва мухлисон ҳам унвони мағозаашро ҳамин гуна мегузоранд, ки ҷолиб аст.
Шаби деҳ
Чун ба макони идоракунии мамнӯъгоҳ расидем, мардуми маҳаллӣ мунтазири омадани мо истодаву омодагиҳои ҷидӣ дида буданд. Аҳли ҳайат дар дидори аввал фикр кардем ин ҷо кадом маъракае ҷараён дорад ва ҳатто чанд нафар бо навбат аз хонадорон пурсидем, ки тӯй ё маъракае доранд, вале посух гирифтем, ки омодагиҳои ба хотири сафари мо будаанд. Ҳамин гуна нишастем гирди хони густурда. Таоми шаб ҳам тановул шуду рафтем пайи ғанаб.
Субҳи деҳ
Ба фарқ аз пойтахти кишвар субҳи Саричашмаро дигаргуна дарёфтем: хунук, сершамол, атрогин. Воқеан, таровати дигар дорад субҳи деҳа вақте он бо маоси бузу гӯсфандону баоси говон ва ҳай-ҳайи чӯпону подабон оғоз мешаваду бо ширпазии занон ва бакорравии мардон хатм. Ин ҷо кас то вазиши насими субҳ аз хоб пурра сер мекунад ва мо ҳамин гуна бо кушодани чашми саҳар роҳ пеш гирифтем ҷониби худи мамнуъгоҳ, ки андаке дуртар аз маркази идоракунӣ ҷойгир буд.
Дар домани пистазор
Ба маълумоти Баҳодур Икромов, директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум», ин макон ягона мамнуъгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар он намудҳои нодири олами наботот, аз қабили писта, зираи бухороӣ, намудҳои нодири рустаниҳои таҳҷоӣ, чун бодоми Вавилов, олуи дарвозӣ, намудҳои гуногуни арча, арчаи зарафшонӣ, фарк, хуч, дулона, дарахти туғ, намудҳои гуногуни пиёзи кӯҳӣ, моил, камол ва ғайраҳо мерӯянд. Воқеан, пистаҳои ин диёр ширинанду хушмазза ва барои мо ҷолиб буд хӯрдани писта бо пӯчоқаш аз шохи дарахт. Чунон зиёд буданд дарахтони писта, ки ба шумурдан ҳам ҳисобашро наёфтем.
Дар бораи мамнуъгоҳ
Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» соли 1983 бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодири ин минтақа, аз ҷумла бӯзи кӯҳии пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвоноти ин минтақа дар масоҳати 19,7 ҳазор гектар дар қисмати ҷануби Тоҷикистон, дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар ҷанубу ғарби силсилакӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ бо қисми ҷараёни рости дарёи Панҷ, аз рости соҳил дар баландии 700-3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз самти шимол ба ҷануб 18 км ва аз ғарб ба шарқ 25 км тӯл кашидааст.ташкил гардидааст. Аз он 2987 гектарро заминҳои ҷанггалпӯши табиӣ, 1693 гектарро ҷангалзори тунук, 15 020 гектарро заминҳои аз ҷангал холӣ, 73 гектарро марғзор, 1194 гектарро даштҳо, 25 гектарро обҳо, 20 гектарро боғҳо, 1 гектарро роҳҳо, 41 гектарро қумзор ва 1 гектарро биноҳои маъмурӣ ташкил медиҳанд.
Дар экосистемаҳои табиии мамнуъгоҳ беш аз 1400 намуди растаниҳо мерӯянд, ки 160 намудашон таҳҷоӣ буда, 39 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Инҳо ҳолмон, бениуми форсӣ, пиёзи анзур, пиёзи Суворов, лолаи ҷангалӣ, гули сиёҳгӯш ва ғайра мебошанд. Олами ҳайвоноти мамнуъгоҳ ҳам бою гуногун буда, ба 233 намуд ҷудо мешавад, ки 52 намудашонро ширхӯрон, 139 намудро парандагон, 20 намудро хазандагон, 14 намудро обхокиҳо ва 8 намудро моҳиҳо ташкил медиҳанд. Аз ин намудҳо 17 намудашон ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯршапараки гӯшкалон, хирси маллаи тиёншонӣ, сагобии осиёи миёнагӣ, силовсини туркистонӣ, бабри барфӣ, фанак (манул), мири мушон, оҳуи бухороӣ, бузи пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, аз парандагон лаклаки сиёҳ, бургут, уқоби ришдор, уқоби морхӯр, лочин ва инчунин мори кубро дохил карда шудаанд. Инчунин дар мамнуъгоҳ 3000 намуди ҳашарот вомехӯрад.
Ба иттилои Баҳодур Икромов, директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум», дар мамнуъгоҳ дар самти ҳифз ва омӯзиши табиати нотакрори ин минтақаи кӯҳистон аҳамияти калон дошта, бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бабри барфӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва бузи пармашох, ки саршуморашон дар мамнуъгоҳ беш аз 800 сар аст, корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин намуд ҳайвонҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Семинари муфид
Дар идомаи сайру тамошои мамнуъгоҳ, дар маркази идоракунии он барои маълумоти бештар гирифтани сайёҳон семинари илмӣ-иттилоотӣ баргузор шуд. Дар кори он муовини директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Нуралӣ Саидов, директор ва дигар кормандони мамнуъгоҳ ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои қонеъкунанда доданд. Аз ҷумла, ба зикри Нуралӣ Саидов, тибқи нақшагирӣ дар оянда ташкили парваришгоҳи хурд дар масоҳати 6 гектар бо мақсади зиёд намудани саршумори бузи кӯҳии пармашох , гавазни бухороӣ дар масоҳати 4 гектар ва кабки дарӣ дар масоҳати 2 гектар ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои парвариши онҳо дар шароити ғайритабиӣ, таъмини базаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони мануъгоҳ, таъмири бинои маъмурӣ ва осорхонаи он, бунёди 6 бунгоҳи назоратӣ ва мушоҳидавӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ дар назар аст».
Сайр ҳам сайру …
Баъди анҷоми семинари мазкур гуруҳи экожурналистон бо мутахассисони соҳавӣ аз мавзеъҳои хушманзараи «Дашти Ҷум», шароити саҳроии кормандони мамнӯъгоҳ, ки беш аз 30 нафаранд, дидан намуда, инчунин бо экосистемаҳои мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» ва олами бойи набототу ҳайвоноти ин минтақаи зебои кишвар, хусусан макони гаштугузори ҳайвоноти нодир, ба мисли бузи кӯҳии пармашох шинос гардиданд. Масъулин таъкид карданд, ки мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» ягона муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буда, рисолаташ ғайр аз ҳифзи ҳудудҳои мамнуъгоҳ инчунин омода намудани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати ғамхорона ба олами набототу ҳайвонот мебошад. Ҳамзамон саҳми мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба конвенсияҳои СММ оид ба гуногунии биологӣ ва ҳайвоноти кӯчбанд калон аст.
Ҷалби сайёҳон
Кормандони мамнуъгоҳ нақша доранд бо назардошти истифодаи оқилона ва самарабахши манзараҳои нотакрор ва дилфиреби табиати «Дашти Ҷум» барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба экосистемаҳои табии мамнуъгоҳ, муайян намудани мавзеъҳои сайёҳии мамнуъгоҳ ва ташкили хатсайрҳои экологӣ, ҷалби сайёҳон, ташкили маркази омодасозии армуғонҳо барои сайёҳон ва муаррифии онҳо, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар бахши сайёҳии экологӣ бо ташкилоти сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дарвоқеъ, «Дашти Ҷум»- ин гӯшаи назаррабо ва нотакрори табиати Тоҷикистон дорои зарфияти бойи табиию сайёҳист, ки метавон зимни истифодаи самаранок аз иқтидори мавҷудаи он ва фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурии марбут ба рушди сайёҳӣ дар атрофи он, хусусан роҳ ва дигар иншооти хизматрасонию иҷтимоӣ дар он туризми экологиро рушд дод ва сайёҳони хориҷиро ҷалб сохт, зеро дар ин минтақа замина ва шароити мусоид барои рушди туризми экологӣ фароҳам оварда шудааст.
Мушкилоту пешниҳод
Ягона мушкил дар ин минтақаи сайёҳӣ роҳҳои вайрон аст, ки аз ноҳияи Восеъ то мавзеи мазкурро дарбар мегирад, зеро ҳайати мо тамоми ин масирро дар оғӯши хок сипарӣ карданд. Агар ба ҷойи чунин роҳҳои ноҳамвор инфрасохтори зарурӣ, ба вежа роҳҳо, ки пайвандгари наслҳову аслҳоянд, бунёд шаванд, ба андешаи мо, ҳам теъдоди сайёҳон меафзоянду ҳам мардуми маҳаллӣ соҳиби роҳи замонавӣ мешаванд. Умедворем дар оянда масъулин ин масоилро рафъ мекунанд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
муовини сармуҳаррири
радиои бурунмарзии «Овози тоҷик»
Душанбе – Норак – Данғара – Восеъ — Дашти Ҷум — Душанбе