Ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар он кормандони Кумита, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилнозаи Абдумалик аз макони баргузории чорабинӣ хабар дод.
Бино ба иттилои ҳамкорамон, чорабиниро Тоҷиддин Ҷӯразода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба ин ҷашнҳои фархунда табрик кард. Ӯ иброз дошт, ки бо иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт. Тамоми дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртибот дорад.
“Хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодани роҳу васли нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ нақши босазо доранд”,- қайд кард Тоҷиддин Ҷуразода.
Зикр гардид, ки Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон мақоми хоса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардум, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Дар идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пуриқтидори кишвар буда, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар босуръат рушд карда истодааст. Заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифгари фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кулҳо, чашмаҳои шифобахш ва шаффоф, кӯҳҳои осмонбус, пиряхҳои азим, ҳайвоноту наботот, манзараҳои зебои кишвар дороиҳои бузурги соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи Роҳбарияти олии кишвар қарор доранд.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби дигар иштирокчиён доир ба Иҷлосия ва Рӯзи Президенти кишвар маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷом, ба як қатор кормандони соҳа бахшида ба ин рӯзҳои муҳими таърихӣ Сипоснома ва Ифтихорнома дода шуд.