20 октябри соли 2022 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби ҷопонӣ 15-умин нишасти аршади кишварҳои Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нишасти мазкур муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим муаррифӣ намуд.
Перомуни нишаст пешнависи барнома ва рӯзномаи Ҷаласаи нуҳуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама, ки баргузории он дар охири соли ҷорӣ дар Токио дар назар аст, баррасӣ шуд.