Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон”- таҳти ин унвон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Шаҳнози Муҳиддин, дар чорабинӣ зикр шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик давраи басо мушкилро паси сар намуда, бо як қатор душвориҳо рӯ ба рӯ гардид. Барои ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бениҳоят калон мебошад, зеро он давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз вартаи нестӣ раҳо сохт.
“Маҳз дар ҳамин Иҷлосия зимоми давлатдорӣ ба дӯши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Пас аз чандин марҳилаҳои мушкили дигари сулҳофарӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ бо роҳбарияти оқилонаи Сарвари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагию ободонӣ ва банақшагирию амалигардонии нақшаҳои стратегии рушд ва рушди устувор шурӯъ мешавад”,- қайд гардид, дар идомаи чорабинӣ.