
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Бухоро ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои сайёҳӣ бо Директори минтақавии Департаменти сайёҳи ва мероси фарҳангии вилоят Суҳроб Бобокалонов вохӯрӣ намуд. Зимни суҳбат тарафи Тоҷикистон оид ба имконоти гардишгарӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ, зиёратӣ куҳнавардӣ, экотуризм, фарҳангӣ ва варзишӣ маълумоти муфассал дод.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад, дар идомаи мулоқот мусоҳибон ҷиҳати ташкил намудани форумҳои муштараки сайёҳӣ, инфотурҳо, ташкил намудани хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ бо мақсади интиқоли сайёҳон инчунин дигар масъалаҳои заруриро барои рушди соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Пас аз мулоқот ҳайати Тоҷикистон барои тамошои ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва зиёрати оромгоҳҳои бузургону орифон, аз ҷумла “Ҳафт пир”-и тариқат, мақбараи Шоҳ Исмомили Сомонӣ инчунин зодгоҳи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, Сардафтари адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони Бухоро қарор дорад, дидан намуданд.
Боиси хушнудист, ки соли оянда бо ташаббуси Ҳокими вилояти Бухоро Осорхонаи С. Айнӣ дар зодгоҳаш пурра таъмир ва азнавсозӣ мегардад.