Дар ҳошияи 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: “Дарвозаи глобалӣ” барои рушди устувор дар шаҳри Самарқанд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) Нилс Аннен вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва имконияти рушди баъдии онҳо табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи шарикӣ миёни Тоҷикистону Олмон ва нақши он кишвар дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.