Дар мавзеи Қиргулии вилояти Фарғона “Хонаи дӯстӣ”ба истифода дода шуд. Дар он маркази фарҳангии миллии тоҷикӣ иштирок намуд. Дар ин бора Овози Самарқанд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи он марказҳои фарҳангии миллии олмонӣ, славянӣ, яҳудӣ, тоторӣ, қирғизӣ, кореягӣ, тоҷикӣ, туркии вилоят ва намояндагони ҷомеаи вилоят ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарвари давлат ба марказҳои фарҳангии миллӣ, таъминоти моддию маънавии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, «Хонаи дӯстӣ»-и ба истифода додашуда намунаи ин таваҷҷуҳи баланд мебошад.
Бинои собиқ қасри фарҳанги “Нефтчӣ”, ки бо харҷи беш аз 3,5 миллиард сӯми буҷети маҳаллии вилоят аз нав таъмир карда, симои зебою замонавӣ гирифтааст, ҳоло ба маъвои воқеии дӯстиву рафоқати намояндагони миллату халқиятҳои гуногун табдил ёфтааст. Дар ин ҷо барои 8 маркази миллии фарҳангии вилоят утоқҳои алоҳида ҷудо карда шуда, толори консертӣ барои баргузории маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногун намои замонавӣ гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Фарғона 4 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, миллату халқиятҳои гуногун таҳти шиори “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” дар муҳити дӯстиву ҳамфикрӣ ба сар мебаранд ва ҳамаи онҳо дар пешрафти кишвар саҳм доранд.