Дирӯз дар ҳошияи 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид мулоқот анҷом дод. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.