
Дирӯз, 21 ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо роҳбарияти филиали дар шаҳри Владимир будаи АХХваХД назди Президенти Федератсияи Россия Вячеслав Юрьевич Картухин баргузор гардид, хабар медиҳад ДМТ.
Дар вохӯрӣ ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, кормандони кафедраи байналмилалии ДМТ ва Ализода Баҳриддин, ходими пешбари илмии Академияи назди Президенти Ҷумҳурии Тотористон иштирок доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муайян намудани самтҳои ояндадор барои кори минбаъдаи муштарак, инчунин татбиқи барномаи маҳфили байналмилалии «Муколама» баррасӣ шуданд.