Дирӯз дар заминаи Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” дар пояи Донишгоҳи миллӣ баргузор шуд, ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Мардихудо Давлатов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ иттилоъ медиҳад.
Ба зикри манбаъ, туҳфаҳои хотиравии ҷониби Тоҷикистон иборат аз маҷаллаву китобҳои тозанашри тарғиботӣ ва маҳсули эҷоди Парки технологии ДМТ – «Кундал» буданд, ки аз ҷониби меҳмонон самимома пазируфта шуданд. Туҳфаҳои ҷониби Тоҷикистонро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвақтзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода тақдим карданд.
Аксҳо аз ҷараёни туҳфасупорӣ