Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли ҷорӣ дар Боғи давлатии шаршараи Ниагара чорабинии бошукӯҳ доир мегардад. Ташаббускори он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА мебошад.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА хабар медиҳад, худи ҳамон рӯз соати 8:00 ба вақти Душанбе ва 23 ноябр соати 22:00 ба вақти Вашингтон шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунаввар мешавад.
Бояд гуфт, ки шаршараи боҳашамати Ниагара дар шимолу шарқи қаитъаи Амрико байни штатҳои ИМА ва Канада ҷойгир шудааст. Ҳар сония аз он 3,160 тонна об ҷорӣ мешавад. Чор кӯли Супериор, Мичиган, Ҳурон ва Эри ба кӯли Онтарио партофта шуда, ба дарёи Ниагара равон мешаванд. Панҷ кӯли бузурги мазкур тақрибан аз панҷ як ҳиссаи таъминоти оби тозаи ҷаҳонро ташкил медиҳанд.