«Мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доштем. Мо таҳдидҳоеро баррасӣ кардем, ки ба минтақаҳои СААД таъсир мерасонанд. Дар ин дидор аз ҷумла, ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин иҷрои баъзе қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд”, — гуфт Станислав Зас, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» дар шаҳри Душанбе
Ба гуфтаи ӯ, дар ин дидор, ҳамзамон, рафти иҷрои корҳое, ки феълан барои СААД заруранд, баррасӣ шуд.
Станислав Зас ба Сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба нишасти дарпешистода ва иҷлосияи тирамоҳии СААД, ки 23 ноябр баргузор мешавад, маълумот дод. «Ин масъалаҳо дар мулоқоти мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шуданд. Албатта, дар бораи вазъи минтақа, масоили амниятӣ ва мавзӯи Қирғизистон низ масъалаҳо матраҳ шуданд. Хуб аст, ки чунин конференсияҳо гузаронида мешаванд. Аммо, мутаассифона, ба далели рӯйдодҳои маълум мавзӯи Афғонистон ба навъе дар паси замина меафтад. Ин тамоман хуб нест, зеро вазъияте, ки ҳоло дар он ҷо ба амал омада истодааст, хеле душвор аст. Албатта, он таҳдидҳоеро, ки аз ин қаламрав меомад ва идома дорад, аз ҷумла таҳдидҳоеро, ки ба Тоҷикистон дахл доранд, нигоҳ бояд дошт. Аз ин рӯ, ин мавзӯъ набояд нодида гирифта шавад», — гуфт Дабири кулли СААД.