21 ноябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Умон Ризо Ҷумъа Оли Солеҳ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони умонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.
Худи ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти сафир бо роҳбари мақомоти авиатсияи граждании Умон Ноиф ибни Алӣ ал-Абрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Умон ва кушодани парвозҳои мустақим байни ду кишвар баррасӣ шуданд.