25 октябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ нусхаи эътимодномаҳои сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро қабул кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро муҳокима намуданд.
С. Имомӣ С. Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.