Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндаи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Митт Куртис мулоқот намуд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории мулоқот муаррифии барномаи USAID таҳти унвони “Тақвияти иқтидори идоракунии захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар карданд.