Муовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода бо Сафири Штатҳои Мутаҳидаи Мексика, иқоматгоҳаш дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Гилермо Алехандро Пуэнте мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқот дӯтонаю самимӣ доир гардида, ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти фарҳанг, аз ҷумла баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Мексика ва аз Мексика дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, тарафҳо доир ба баргузор намудани фестивалҳои муштарак, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, барномаҳои мусиқӣ, чопи китобҳои адибони классику муосири кишварҳо, омӯзиши забонҳо, таҳияи филмҳо ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги кишварҳои ҳамдигар, баргузории намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ анҷом шуд.